САФИРИ НАВИ КИПР ДАР ТОҶИКИСТОН ТАЪИН ГАРДИД
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сафири нави Ҷумҳурии Кипр дар Федератсияи Русия Петрос Кесторас ба нишони эҳтиром ба ҳузури сафири кабири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев ташриф овард. Зимни сӯҳбат масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳар ду кишвар муҳокима шуданд. Ҳар ду ҷониб дар ин хусус ҳамфикр буданд, ки мамлакатҳояшон барои равнақу ривоҷи муносибатҳо ва ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ имкониятҳои калон доранд. Сафири Кипр ба А.Достиев барои пазироии самимонааш изҳори сипос намуда, зикр кард, ки вай ҳамзамон сафири мамлакаташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Бинобарин рӯзҳои наздик барои супурдани эътиборномаи сафораташ ба сардори давлати Тоҷикистон ба Душанбе ташриф меорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






