САФОРАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ХАБАРИ ИҒВОГАРОНАРО БЕАСОС МЕШУМОРАД
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Чанд рӯз пеш дар сайти интернетии Созмони ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон» дар Русия ва нашрияҳои дигари электронӣ таҳти унвони «Гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони тоҷик 50 мусофири қатораи Маскав — Душанберо гаравгон гирифт» мақола ҷой дода шуд. Дафтари матбуоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар робита хабар медиҳад, ки мақолаи мазкур ягон асоси воқеӣ надорад. Мақомоти муҳофизи қонуни Русия хабар доданд, ки дар давоми ду ҳафтаи охир дар вилояти Астрахан аз 16 нафар шаҳрванди тоҷик дар қатораи роҳи оҳани Маскав — Душанбе шиносномаҳояшон гирифта шуданд. Онҳо ба тағйир додани санаи гузаштанашон аз сарҳади Русия бо роҳи қаллобӣ гумонбар мебошанд. Хабар дода мешавад, ки чор нафар шаҳрванди Тоҷикистон ду рӯз пеш ҷавоб дода шуд, ҳуҷҷатҳои дигарон барои тафтиш ба мақомоти дахлдор супорида шуданд. Таъкид карда шуд, ки шаҳрвандони зикршудаи Тоҷикистон дастгир карда нашудаанд. Дар мавриди тасдиқи қалбакӣ будани қайди шиносномаҳо соҳибони онҳо бо қарори суд аз қаламрави Русия ронда мешаванд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ҷараёни ин воқеаро назорат мекунад ва бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шиносномаҳояшон гирифта шудаанд, ҳамеша дар тамос мебошад. Бо супориши сафири Тоҷикистон дар Русия кормандони намояндагии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Русия ба шаҳри Астрахан фиристода шуданд. Онҳо айни ҳол далелҳои мақолаи мазкурро ҳамроҳи кормандони мақомоти муҳофизи қонуни маҳаллӣ тафтиш мекунанд. Дар бораи натиҷаҳои он ба таври илова хабар дода мешавад. Сафорат зарур мешуморад изҳор кунад, ки ҳадафи мақолаи навбатии роҳбари созмони ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон» К. Шарифов дар бораи гаравгон гирифта шудани шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бадном сохтани намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия мебошаду халос. Дар ин бора аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






