САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУСИЯ БА МАРДИКОРОНИ ТОҶИК КӮМАК МЕРАСОНАД

Январь 29, 2009 10:07

             Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 28 нафар мардикори тоҷик ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ариза навишта, хоҳиш карданд, ки ба онҳо дар бораи гирифтани музди корашон кӯмак расонад. Аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки мардикорони тоҷик дар деҳаи Архангелскаяи ноҳияи Воскресенск дар сохтмони яке аз биноҳо кор мекарданд ва корфармо музди кори онҳоро дар давоми моҳи декабри соли гузашта ва январи соли равон надодааст. Гурӯҳи кормандони сафорат ва намояндагии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Русия барои тафтиши далелҳои аризаи мардикорон ба маҳалли сохтмон рафтанд.              Маълум шуд, ки далелҳои дар аризаи мардикорон овардашуда дурустанд. Намояндагони Тоҷикистон бо роҳбарияти сохтмон мулоқот гузаронданд. Дар натиҷа ба мардикорони тоҷик як қисми музди корашон дода шуд. Роҳбарияти сохтмон ваъда дод, ки музди кори боқимондаи онҳоро рӯзҳои наздик хоҳад дод.                                                                                                                                                                           Тарҷумон — Қудратов А.   

Январь 29, 2009 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст