САЙТИ АЛОҲИДАИ ИНТЕРНЕТӢ БАРОИ ЗАНОН

Январь 6, 2009 11:04

         Вашингтон,  6  январ. (АМИТ «Ховар» — ИТАР  —  ТАСС). —  Дар  шабакаи  ҷаҳонии  интернет барои  занони  ашроф   ва  сарватманд  саҳифаи  махсус  кушода  шуд. Онҳо  ба  воситаи  сайти  нав    дар  бораи  либосҳое, ки бо  онҳо  ба   мулоқоту  зиёфатҳо ва  маросими  қабул  мераванд,  табодули  назар  мекунанд. Бо  ҳамин  роҳ  имконияти  бо  як   навъи  либос   ба  зиёфат  ҳозир  шудани чанд  зан  аз байн  бурда  мешавад. Сайти  мазкур  ҳафтаи  гузашта   дар  ИМА  кушода шуд. Онро  дар  давоми   чор  ҳафтаи  охир бештар аз 300  ҳазор  нафар  истифода бурд. Хоҳишмандон   метавонанд  дар  сайти  мазкур  акси  худро  ҷой  диҳанд.  Ҳадафи  кушодани   сайти  махсус   барои   занон такрор  нашудани ороиши  рӯй  ва  пӯшидани  либосҳои   ба  ҳамдигар  монанд  дар  маросимҳои гуногун  мебошад.

Январь 6, 2009 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар