САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ БУҶЕТИ ТОҶИКИСТОНРО ҒАНИТАР МЕГАРДОНАНД

Январь 12, 2009 17:20

            Душанбе, 12 январ.  (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Имрӯз дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дода шуд, ки  соли 2008, аз рӯи маълумоти расмӣ бештар аз 470  ҳазор сайёҳи хориҷӣ  ба Тоҷикистон  ташриф овардааст. Аз ҷумла  соли гузашта 412 ҳазору 953 шаҳрванди мамлакатҳои ИДМ ва  47 ҳазору 418 шаҳрванди мамлакатҳои дигар ҷойҳои ҷолиби диққати мамлакати моро тамошо кардаанд. Аз ин ҳисоб ба буҷети давлат зиёда аз як миллион сомонӣ ворид гардид. Хабар дода шуд, ки муассисаҳои туристии Тоҷикистон соли 2008 зиёда аз 20 ҳазор сокини мамлакатро барои сафару саёҳат ба мамлакатҳои хориҷӣ фиристоданд.

Январь 12, 2009 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид