САРҲАДЧИЁН ДАР ПАНҶИ ПОЁН 22 КИЛОГРАММ МАВОДИ НАШЪАДОР МУСОДИРА НАМУДАНД
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Рӯзҳои аввали соли 2009 хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии Панҷ ва нуқтаи алоҳидаи гузаргоҳи Панҷи поёни қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ноҳияи Панҷ амалиёти махсуси низомӣ анҷом доданд. Аз маркази матбуоти Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар натиҷаи муқобилияти мусаллаҳонаи гурӯҳи қочоқбари афғон зери роҳбарии шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Суфи Нозукмир валади Вакилакбар, сокини вулусволии Имомсоҳиби вилояти Қундузи Афғонистон несту нобуд карда шуд.Дар ҷои ҳодиса зиёда аз 22 килограмм маводи нашъадор, аз ҷумла беш аз 14 килограмм героин, қариб 4 килограмм чакидаи афюн, зиёда аз 4 килограмм чарс, 1 автомати Калашников бо тирдон ва тирҳояш ёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш давом дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






