САРМОЯГУЗОРОНИ ХОРИҶӢ БА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲО ДАР ҶТ ҲАВАСМАНД
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нишондодҳои пешакӣ пешбинӣ кардааст, ки бо вуҷуди паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар дар соли ҷорӣ ду баробар афзоиш хоҳад ёфт. Бояд гуфт, ки сармоягузории мустақими хориҷӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли 2008 маблағи беш аз 2 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли 2007-ум 260 миллион доллари ИМА зиёд аст. Гуфтанист, ки тибқи гузориши охирони Комиссияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва тавсеа ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли гузашта нисбат ба кишварҳои ҳамсуд болотар нишон дода шудааст. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамралиев мӯътақид бар он аст, ки ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ барои вусъат додани бахшҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат муҳим аст. Ӯ афзуд, ки сарфи назар аз таъсироти бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ кишварҳо ва созмонҳои молии сармоягузор дар Тоҷикистон ҳамчунон фаъол ҳастанд ва омодаанд дар иҷрои лоиҳаҳои мухталиф саҳм гузоранд. Бо ин мақсад, Кумита беш аз 100 тарҳи сармоягузориро ба сармоягузорони хориҷӣ ва дохилӣ пешниҳод кардааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






