САРМУҲОСИБ ВА ХАЗИНАДОР БАРОИ АЗ ХУД НАМУДАНИ МАБЛАҒИ 221058 СОМОНӢ ДАСТГИР ГАРДИД
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Сармуҳосиби коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд Наима Шамсиддинова ва хазинадори ҳамин муассиса Баҳриниссо Зокирова бо ҳам забон як карда, аз моҳи январи соли 2006 то моҳи декабри соли 2008 бо роҳи зиёд намудани ҷамъи маблағи варақаҳои пардохти музди меҳнати омӯзгорон, маблағи 221058 сомониро аз худ намудаанд. Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Н. Шамсиддинова ва Б. Зокирова тибқи моддаи 245, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста мешаванд. Нисбати онҳо аз тарафи шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд тафтиш давом дорад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






