САРШУМОРИ ЧОРВОИ КАЛОН АФЗОИШ ЁФТААСТ
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки саршумори чорвои калони шохдор дар ҷумҳурӣ сол аз сол зиёд мегардад. То 1-уми декабри соли 2008 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагӣ саршумори чорвои калони шохдор ба 1758115 сар расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 ба миқдори 272,1 ҳазор сар ё 18,3 фоиз зиёд аст. Афзоиши саршумори чорвои калони шохдор дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ба миқдори 55 ҳазору 406 сар, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 97 ҳазору 970 сар ва аҳолӣ 1млн.604 ҳазору 739 сар ба ҳисоб гирифта шуда бошад ҳам, дар бозорҳои шаҳру навоҳии кишвар нарасидани маҳсулоти чорво ва боло рафтани нархи он ҳис карда мешавад. Аз ин рӯ дар назди ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ масъалаи зиёд намудани маҳсулоти чорво дар соли 2009 яке аз масъалаҳои асосӣ боқӣ мемонад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






