САРВАРИ ДАВЛАТ ДЕВИД ПЕТРИУСРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ
17 январи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарфармондеҳи Нерӯҳои марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Девид Петриусро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар робита ба фаъолияти нерӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон баррасӣ шуд.«Тоҷикистон қарори роҳбарияти Амрикоро оид ба зиёд намудани шумораи низомиёни худ дар Афғонистон пурра дастгирӣ мекунад», — изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд, ки мубориза бо маводи мухаддир низ бояд ба салоҳияти нерӯҳои эътилофӣ ҳамроҳ карда шавад.Девид Петриус ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри мусоидати фаъоли Тоҷикистон ба нерӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон арзи сипос намуд.Барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон ва мусоидат ба ҳифзи иҷтимоии аҳолии он, аз ҷумла муҳайё намудани ҷойҳои корӣ аз роҳҳои асосии таъмини ҳаёти осоишта дар ин кишвар маънидод гашт. Мусоҳибон аз сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳои миёни сохторҳои дифоӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.Дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Амрико ва рушди ҳамкориҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






