САРВАЗИР БА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲО АЗ ҶОНИБИ БРА БОВАРӢ КАРД
Душанбе, 28-уми январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — 28 январи соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо муовини раиси идораи Бонки рушди Аврупо Камбар Шалгимбаев мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо бонки мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба узвияти бонки мазкур шомил буданро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва Бонки рушди Аврупо бояд дар тарҳрезӣ, амалисозӣ ва маблағгузории лоиҳаҳое саҳмгузор бошад, ки имконоти пешбарандаи иқтисодиёти давлатҳои минтақаро дар бар гирифта, ба манфиати мардумони он нигаронида шуда бошанд. Бахусус, изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда бонки мазкур дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хатҳои интиқоли нерўи барқ фаъолона иштирок мекунад. Мусоҳибон инчунин, самтҳои дигари муносибатҳои Тоҷикистон ва Бонки рушди Аврупоро, ки имкони рушду тавсеаи онҳо вуҷуд дорад, мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






