САРВАЗИРИ ТУРКИЯ ДАВОСРО ТАРК НАМУД

Январь 30, 2009 15:29

                  Давос, 30 январ. (АМИТ «Ховар» — РБК). — Дар мулоқоти бахшида ба проблемаҳои ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос байни сарвазири Туркия Раҷаб Тоиб Ардагон ва президенти Исроил Шимон Перес мубоҳисаи пурҷӯшу хурӯш баргузор гардид. Ш.Перес мавқеи мамлакаташро дар муноқишаи чанде пеш дар воҳаи Ғаззаҳ ба амал омада ҳимоя намуд. Баъд аз ин сарвазири Туркия аз раиси маҷлис хоҳиш кард, ки ба ӯ сухан диҳад. Раиси маҷлис ба ӯ барои суханронӣ танҳо як дақиқа мӯҳлат дод.                  Сарвазири Туркия аз он изҳори таассуф намуд, ки иштирокчиёни маҷлис баъди суханронии президенти Исроил дуру дароз чапакзанӣ карданд. Ҳол он ки дар натиҷаи амалиёти харбии Исроил дар воҳаи Ғаззаҳ теъдоди зиёди одамон ҳалок шуданд, гуфт Ардагон. Раиси маҷлис баъди ин суханронии сарвазири Туркияро бурида, гуфт, ки барои баҳсу мунозира вақт нест ва иштирокчиёни маҷлис бояд хӯроки шом хуранд. Сарвазири Туркия баъди ин изҳор намуд, ки иштирокаш дар маҷлис анҷом ёфтааст ва дигар ба Давос нахоҳад омад. Вай баъди ин суханон толори маҷлисро намоишкорона тарк намуд.                  Иштирокчиёни маҷлис ва журналистон аз ин рафтори Р.Т.Ардагон ба ҳайрат афтоданд. Зеро ӯ қабл аз ин ҳамчун шахси орому ботаҳаммул ва дурандеш маъруф гардида буд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар натиҷаи амалиёти ҳарбии Исроил дар воҳаи Ғаззаҳ қариб 1,3 ҳазор фаластинӣ ба ҳалокат расид ва қисми зиёди онҳо сокинони маҳаллӣ мебошанд. Дар ин амалиёт аз ҷониби Исроил ҳамагӣ 13 нафар ҳалок шудааст. Мамлакатҳои ҷаҳон амалиёти ҳарбии Исроилро бо назардошти истифодаи аслиҳаи мамнӯъшуда, аз ҷумла, гулӯлаҳои фосфорӣ ва ҳадафи оташ қарор додани намояндагиҳои хайрияи СММ шадидан маҳкум намуданд.  

Январь 30, 2009 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид