ШАҲРУ НАВОҲИИ СУҒД БО ҲАМ РАҚОБАТ МЕКУНАНД

Январь 13, 2009 15:54

Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади рушди иқтисодиёт, ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ва иҷрои нақшаҳои барномавӣ раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода қарореро «Дар бораи гузаронидани озмуни «Шаҳр ё ноҳияи беҳтарин» аз 30.12.08 ба тасвиб расонд. Роҳбари маркази матбуоти раиси вилоят Илҳом Ҷамолов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки баргузории озмун на танҳо сатҳи иқтисодиётро тақвият мебахшад, дар баробари ин, сатҳи камбизоатӣ низ паст мегардад. Ба ин восита шароити иҷтимоӣ дар шаҳру навоҳии вилоят беҳтар ва дар маҳалҳо корҳои ободонӣ ҷоннок мегардад, ки он ба ҳифзи муҳити зист низ таъсири мусбии хешро мерасонад. Ин озмун дар қаламрави вилоят моҳҳои январ-декабри соли 2009 ҷамъбаст карда хоҳад шуд.Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ин озмун шаҳру ноҳияҳои вилоят аз рӯи 29 номгӯи кору хизматрасонӣ ва фаъолияти пурсамари мақомотҳои маҳалӣ қувваозмоӣ намуда, ба ғолибони озмун барои ҷои аввал 30 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм 20 ҳазор сомонӣ ва ҷои сеюм 10 ҳазор сомонӣ мукофот муқаррар шудааст.

Январь 13, 2009 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид