ШАБИ ЭҶОДИИ ГУЛНАЗАР КЕЛДӢ
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо ибтикори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 январ дар «Кохи Ҷомӣ» шаби эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ доир мегардад. Дар ин базми шеъру суруд дар баробари қироати порчаҳои шеърӣ аз ҷониби худи шоир ва ҳамкасбон, инчунин устодони санъати Тоҷикистон, аз қабили Афзалшо Шодиев, Хосият Ортиқова, Қобилҷон Зарифов, Сайидқул Билолов ва дигарон аз эҷодиёти ин шоири хушсалиқа сурудҳо месароянд. Мавриди ёдоварист, ки шоир Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дар-дари ноҳияи Айнӣ таваллуд шуда, дастпарвари Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мебошад. Китобҳояш бо номҳои «Расми сарбозӣ», «Дастархон», «Нардбон», «Ағба», «Паҳно», «Лангар», «Чашми нигин», «Пайи дарё», «Табхола» ва ғайраҳо чоп шудаанд, ки дар назми муосири тоҷик мақоми хос доранд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






