ШАРОРА 20 СОЛА ШУД
Душанбе, 23 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрӯз аз фоҷиаи мудҳиш -заминларзаи Шарора, ки соати 5-05 дақиқаи 23 январи соли 1989 ба вуқӯъ омада буд 20 сол сипарӣ шуд. Дар натиҷаи ин ҳодисаи мудҳиш шаҳраки Шарора ва деҳаҳои Оқулии Боло ва Оқулии Поёни ноҳияи Ҳисор зери хоку лой монд ва имрӯз он мазореро мемонад. Дар ин ҳодисаи табиӣ беш аз 300 нафар сокинони ин маҳаллаҳо ҳалок гардида буданд. Назар ба андешаи муовини директори Институти сохтмони зилзилатобовар ва сейсмологияи Академяи илмҳои ҷумҳурӣ Фаршед Каримов, сабаби ба вуҷуд омадани чунин як ҳодисаи табиӣ ин нам кашидани қабати гилхок буд, яъне ҷамъ шудани об дар зери теппае, ки атрофи ин маҳалро иҳота мекард ва дар натиҷаи заминларза, ки қувваш 7 бал буд, он такон хӯрда, хоку лой шаҳрак ва ду деҳаро пӯшонд. Бояд гуфт, ки соли 1963 дар ин ҷо канал сохта шуда буд ва он муддати 25 сол фаъолият мекард ва бемасъулиятии баъзе роҳбарони соҳа сабаби ба вуқӯъ омадани чунин ҳодисаи мудҳиш гардид. Тибқи иттилои Фаршед Каримов дар тӯли сад соли охир дар қаламрави Тоҷикистон чандин зилзилаи мудҳиш ба вуқӯъ омадааст, ки сабаби харобиҳои зиёд ва ҳалокати одамон шудаанд. Зилзилаи Қаратоғ (1907), Сарез (1911), Ҳоит (1949), Ғарм (1941), Файзобод (солҳои 1930-1943), Ҷиргатол (1984), Қайроқум (1985) ва Шарора (1989) аз ҳамин қабил мебошанд. Бояд зикр кард, ки ягона нишонае, ки аз ҳодисаи мудҳиши зилзилаи Шарора боқӣ мондааст тифли 8-рӯзае буд, ки ӯро дар дохили гаҳвора аз зери хоку лой пайдо намуда буданд. Ба ин тифл ҳамчун ёдгор баъдан Шарора ном гузоштанд. Шарора алҳол донишҷӯи бахши 2-уми забони немисии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон аст. Роҳбари бахше, ки дар он Шарора таҳсил менамояд Мадина Ҳамидхонова мегӯяд, ки Шарора бо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва табиати ороми худ дар миёни шарикдарсонаш тафовут дорад. Ӯ донандаи хуби забони немисӣ буда, бо дастгирии падархонди австриягиаш Леополд Гугенберг соли 2006 ба як қатор давлатҳои Аврупо сафар кардаст. Дар ин рӯз хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Шарора дар тамос шуда, пурсон шуд, ки дар дил чи орзу дорад? Шарора дар посух гуфт, ки -«Таманнои ман ба мардуми тоҷик ва сайёра оромию осоиштагӣ ва саодати рӯзгор буда, мехоҳам, ки дигар Яздони пок рӯзҳои мудҳишро, хусусан зилзиларо ба сари мардум наорад».








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






