ШАРТНОМАҲО АМАЛӢ ГАРДОНИДА ШУДАНД
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Раёсати равобити хориҷии Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон дар бобати мубодилаи маводи ғизоӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сол аз сол беҳтар мегардад. Соли 2008 дар асоси шартномаи табодули маводи ғизоӣ аз ҷумла, маҳсулоти кишоварзӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон беш аз 532,6 тонна маҳсулот, ки 409 тоннаи онро пиёзи барвақтӣ ва 132 тонна меваи тару тоза ташкил дод, содир карда шуд. Аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон 298 ҳазору 106 тонна орд, 133 ҳазору 655 тонна гандум, 1140 тонна равған ва ба миқдори зарурӣ сӯзишвории дизелӣ, равғанҳои молиданӣ ва безин ворид карда шуд. Дар соли 2009 муносибатҳои ҳамкорӣ ва додугирифт бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар сатҳи боз ҳам баландтар ба роҳ монда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






