ШИФОХОНАҲОИ НАВИ ТАБОБАТИ БЕМОРИҲОИ ДИЛ

Январь 27, 2009 15:13

             Душанбе, 27 январ. (АМИТ "Ховар", Ибодат Давлатова). — Дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил соли сипаригашта тадқиқоти холтерии фишори шараёнӣ ва набз, озмоиши фраксияи холестерин ва тропонинҳо ба роҳ монда шудааст.              Дар маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ба мухбири АМИТ "Ховар" иттилоъ доданд, барои дастрас намудани маводи сарфшаванда, қисмҳои эҳтиётӣ ва дастгоҳҳои нави ташхисиву табобатӣ барои Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,200 ҳазор сомонӣ ҷудо ва тибқи шартнома бо ширкати ООО «Сино-фарма», ки дар озмуни тендерӣ ғолиб дониста шуда буд, қисман дастрас карда шуд.             Инчунин, дар доираи амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил дар давраи солҳои 2007-2015» соли равон корҳои назаррас ба сомон расонида шуд.             Аз ҷумла, дар ноҳияи Рашт Маркази байниноҳиявии бемориҳои дил, дар ноҳияҳои Ашт, Данғара, Бохтар, Вахш, Ёвон, Қумсангир, Ҷиликул, Ҷ.Румӣ, Шаҳритус. А.Ҷомӣ, Сарбанд, Рўдакӣ ва ш.Ваҳдат бахшҳои табобати бемориҳои дил кушода шуда, миқдори катҳои кардиологӣ аз ҳисоби таҷдиди сохтори беморхонаҳо дар маҷмўъ 194 адад зиёд карда шуд.  

Январь 27, 2009 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд