ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ҒАФФОР МИРЗО 80-СОЛА ШУД

Январь 5, 2009 16:31

Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Имрӯз Шоири халқии Тоҷикистон Ғаффор Мирзо 80-сола шуд.  Вай яке аз шоирони сермаҳсултарини давраи шӯравӣ буда,  дар таҳаввули шеъри муосири тоҷик нақши калон гузоштааст. Ғ. Мирзо муаллифи маҷмӯаҳои зиёди шеърҳо,  мақолаҳои илмии оммавӣ ва ҳикояву романҳо мебошад. Ашъори ӯ аз  шеърҳову достонҳои бачагона иборатанд, ки «Шайтони бе кафшу маҳсӣ», «Афсонаи сесона» аз ҳамин қабиланд. Достонҳои  «Тоҷи давлат», «Асрор», «Дил дар кафи даст» ва силсиладостонҳои «366 паҳлӯ» низ  намунаҳои беҳтарини эҷодиёти шоир ба ҳисоб мераванд.           

Январь 5, 2009 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид