ШУМОРАИ ҚУРБОНИЁНИ ҶАНГ ТОРАФТ МЕАФЗОЯД

Январь 9, 2009 12:06

Ғаззаҳ, 9 январ. (АМИТ «Ховар» — Кабар).- Роҳбари хадамоти кӯмаки таъҷилии воҳаи Ғаззаҳ Муовия Ҳасаниён хабар дод, ки аз аввали  амалиёти ҳарбии Исроил дар воҳаи Ғаззаҳ то имрӯз бештар аз 760 нафар ҳалок шуд, аз ин шумора камаш 220 нафар бачагон мебошанд. Инчунин бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳона зиёда аз 3 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуд.     Аз ҷониби Исроил ҳамагӣ 6 нафар хизматчии ҳарбӣ ҳалок шуда, қариб 20 нафари дигар маҷрӯҳ гардидааст.            Исроил рӯзи чоршанбе бори аввал дар давоми 12 рӯзи амалиёти ҳарбӣ дар воҳаи Ғаззаҳ оташбаси сесоата эълон кард. Дар ин муддат ба воҳаи Ғаззаҳ кӯмаки башардӯстона фиристода, маҷрӯҳон аз маҳалли набардҳо бароварда мешаванд. Мусолиҳаи муваққатӣ мувофиқи пешниҳоди  Президенти Миср Ҳусни Муборак ва Президенти Фаронса Николя Саркозӣ ҷорӣ карда шуд. Котиби давлатии ИМА Кондолиза Райс рӯзи чоршанбе дар маҷлиси СММ Исроилро даъват кард, ки дар муҳокимаи нақшаҳои мӯътадил сохтани вазъият ширкат варзад.            Хабар дода мешавад, ки ёвари Эхуд Барак — Амос Гилод рӯзи панҷшанбе барои шиносоӣ бо нақшаи пешниҳоднамудаи Миср ба Қоҳира омад. Нақшаи пешниҳоднамудаи президентҳои Миср ва Фаронса қатъ намудани задухӯрдҳои мусаллаҳона ва оғози гуфтушуниди намояндагони ҳар ду тарафи муқобилро барои таъмини амнияти сарҳадҳои воҳаи Ғаззаҳ бо Миср ва  қатъ намудани қочоқи аслиҳаро ба воситаи туннели дар сарҳади ҳар ду кишвар кандашуда пешбинӣ менамояд. Нақшаи мазкурро ғайр аз ИМА роҳбари маъмурияти муваққатии  мухтори Фаластин Маҳмуди Аббос дастгирӣ намуд.

Январь 9, 2009 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад