ШУМОРАИ ҚУРБОНИЁНИ ҶАНГ ТОРАФТ МЕАФЗОЯД
Ғаззаҳ, 9 январ. (АМИТ «Ховар» — Кабар).- Роҳбари хадамоти кӯмаки таъҷилии воҳаи Ғаззаҳ Муовия Ҳасаниён хабар дод, ки аз аввали амалиёти ҳарбии Исроил дар воҳаи Ғаззаҳ то имрӯз бештар аз 760 нафар ҳалок шуд, аз ин шумора камаш 220 нафар бачагон мебошанд. Инчунин бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳона зиёда аз 3 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуд. Аз ҷониби Исроил ҳамагӣ 6 нафар хизматчии ҳарбӣ ҳалок шуда, қариб 20 нафари дигар маҷрӯҳ гардидааст. Исроил рӯзи чоршанбе бори аввал дар давоми 12 рӯзи амалиёти ҳарбӣ дар воҳаи Ғаззаҳ оташбаси сесоата эълон кард. Дар ин муддат ба воҳаи Ғаззаҳ кӯмаки башардӯстона фиристода, маҷрӯҳон аз маҳалли набардҳо бароварда мешаванд. Мусолиҳаи муваққатӣ мувофиқи пешниҳоди Президенти Миср Ҳусни Муборак ва Президенти Фаронса Николя Саркозӣ ҷорӣ карда шуд. Котиби давлатии ИМА Кондолиза Райс рӯзи чоршанбе дар маҷлиси СММ Исроилро даъват кард, ки дар муҳокимаи нақшаҳои мӯътадил сохтани вазъият ширкат варзад. Хабар дода мешавад, ки ёвари Эхуд Барак — Амос Гилод рӯзи панҷшанбе барои шиносоӣ бо нақшаи пешниҳоднамудаи Миср ба Қоҳира омад. Нақшаи пешниҳоднамудаи президентҳои Миср ва Фаронса қатъ намудани задухӯрдҳои мусаллаҳона ва оғози гуфтушуниди намояндагони ҳар ду тарафи муқобилро барои таъмини амнияти сарҳадҳои воҳаи Ғаззаҳ бо Миср ва қатъ намудани қочоқи аслиҳаро ба воситаи туннели дар сарҳади ҳар ду кишвар кандашуда пешбинӣ менамояд. Нақшаи мазкурро ғайр аз ИМА роҳбари маъмурияти муваққатии мухтори Фаластин Маҳмуди Аббос дастгирӣ намуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






