ШУМОРАИ БЕКОРОН ДАР САРОСАРИ ОЛАМ МЕАФЗОЯД

Январь 29, 2009 14:52

                        Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Шумораи бекорон дар соли 2009 дар мавриди муташанниҷ гардидани вазъи иқтисодӣ дар саросари ҷаҳон нисбат ба соли 2007 қариб 30 миллион нафар зиёд гардида, ба 210 миллион нафар мерасад, гуфта мешавад дар маърӯзаи Созмони байналхалқии меҳнат. Мувофиқи маълумоти пешакии Хазинаи байналхалқии асъор дар моҳи октябри соли 2008 шумораи бекорон мебоист аз 15 то 20 миллион нафар зиёд мешуд. Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки шумораи коргарони қашшоқ дар давоми соли равон қариб ба 1,4 миллиард нафар мерасад. Теъдоди коргароне, ки барои корашон маош намегиранд, дар ин давра 53 фоизи аҳолии қобили корро ташкил хоҳад дод.                       Дар маърӯзаи Созмони байналхалқии меҳнат гуфта мешавад, ки соли 2008 теъдоди аз ҳама зиёди бекорон дар мамлакатҳои шимоли Африқо ва Шарқи Наздик ба қайд гирифта шуд. Теъдоди бекорон инчунин дар мамлакатҳои минтақаҳои марказӣ ва ҷанубу шарқии Аврупо ва ИДМ низ бисёр аст. Мамлакатҳои қисмати ҷанубии Саҳрои кабир ва Амрикои лотин низ аз бекорӣ зиёни калон мебинанд.                      Хабар дода мешавад, ки шумораи бекорон дар мамлакатҳои тараққикардаи саноатӣ ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо нисбатан камтар аст. Зеро ҳукуматҳои ин мамлакатҳо барои бо кор таъмин намудани аҳолӣ сари вақт тадбирҳои самарабахш меандешанд.                      Дар маърӯза гуфта мешавад, ки теъдоди хеле зиёди қувваи корӣ дар ҷаҳон самарабахш истифода бурда намешавад. Агар мамлакатҳои ҷаҳон аз захираҳои мавҷудаи дохилии худ, қарзҳои Хазинаи байналхалқии асъор ва усулҳои дигарро истифода бурда, тадбирҳои сиёсии якҷояро мувофиқи тавсияҳои Созмони ҷаҳонии меҳнат амалӣ созанд, оқибати коҳиши истеҳсоли мол ва зуҳуроти қашшоқшавии аҳолиро то андозае пешгирӣ кардан мумкин аст. Дар чунин шароит, Созмони байналхалқии меҳнат роҳбарони 20 мамлакати тараққикардаи ҷаҳонро даъват мекунад, ки 2 апрели соли равон дар Лондон ҷамъ омада, дар баробари масъалаҳои молиявӣ тадбирҳои кам кардани шумораи бекорон ва бо кор таъмин намудани аҳолиро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Январь 29, 2009 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад