ШУМОРАИ КОНСУЛХОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУСИЯ ЗИЁД МЕГАРДАД
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дирӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҷавоби саволҳои хабарнигорон дар бораи он, ки чаро коргарони муҳоҷири тоҷик барои ба ватан фиристодани ҷасадҳои ҳамдиёронашон аз ҳисоби худ маблағ ҷамъ мекунанд ва чаро сафорати Тоҷикистон дар Русия ба мардикорон ҳатто барои тайёр кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ кӯмак намерасонад, ҷавоб дода, зикр кард, ки барои расондани кӯмак ба коргарони муҳоҷир ва мардикорон аз ҳамаи тадбирҳо истифода бурда мешавад. Вале ин масъала хеле душвор ва мураккаб мебошад. Аз тарафи вазорати корҳои хориҷӣ, сафорат ва консулхонаҳои Тоҷикистон дар Русия ҳамаи тадбирҳо андешида шаванд ҳам, кифоя нестанд. Қайд карда шуд, ки тибқи нақшаи вазорат ояндаи наздик шумораи консулхонаҳои Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русия зиёд карда мешаванд. Вазир изҳор намуд, ки дар семоҳаи аввали соли равон панҷ сафири Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ иваз карда хоҳад шуд. Вай қайд намуд, ки ҷараёни иваз намудани сафирон баъди ба кор омадани ӯ оғоз ёфт. Таъкид карда шуд, ки Президенти ҷумҳурӣ дар масъалаи иваз кардани сафирон дастури мушаххас додааст. Ҳ.Зарифӣ дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки бо сабаби боздоштани интиқоли қувваи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон ба воситаи шабакаи барқи Ӯзбекистон ҳар рӯз дар обанборҳои Норак ва Қайроққум илова ба меъёри муқаррарӣ ба миқдори 50 сантиметри сатҳи обанборҳо барои таъмини фаъолияти нерӯгоҳҳои барқӣ сарф карда мешавад. Ба қавли ӯ, бар асари ин вазъият мамлакатҳои поёноби минтақа дар давоми соли равон бо проблемаи нарасидани об рӯ ба рӯ гардида метавонанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






