ШУМОРАИ НАШЪАМАНДОН КАМ ШУД

Январь 24, 2009 10:43

                 Хуҷанд, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Кормандони Раёсати назорати маводи нашъадори вилояти Суғд соли гузашта 366,5 килограм маводи нашъадорро мусодира карданд, ки аз соли 2007 — ум 38,9 фоиз зиёд мебошад. Сардори раёсат Файзулло Абдуллоев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки 127,5 килограм маводи нашъадори мусодирашуда героин аст.                  Кормандони раёсат соли гузашта ҳамроҳи кормандони мақомоти дигари низомию интизомии вилоят дар силсилаи амалиёт, аз ҷумла, «Кӯкнор — 2008», «Канал — 2008», «Тарсет», «Ҳамлу нақли транзитии мол» ва ғайра фаъолона ширкат варзиданд. Онҳо танҳо дар ҷараёни амалиёти муштараки «Кӯкнор — 2008» 11 ҷинояти вобаста ба интиқол ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашадорро фош намуда, 239 килограм нашъаро мусодира карданд.                Аз рӯи маълумоти шифохонаи марказии наркологии шаҳри Хуҷанд, соли гузашта дар вилоят 1429 нашъаманд ба қайд гирифта шуд. Тарҷумон — Қудратов А.  

Январь 24, 2009 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст