СОҲИБКОР БА ДАВЛАТ БА МАБЛАҒИ 50369 СОМОНӢ ЗАРАРИ МОДДӢ РАСОНИД

Январь 13, 2009 15:56

           Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Соҳибкор Муҳсин Раҳмонов аз соли 2001 то моҳи сентябри соли 2008 дар заводи хиштбарории кооперативи истеҳсолии «Хоҷабоқирғон»-и  ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд кор карда истода, қасдан, дидаю дониста бо мақсади ғараз, бе қайд дар нозироти андози ноҳияи Б. Ғафуров ба фаъолияти соҳибкории ғайриконунӣ машғул мешавад ва ба маблағи 162529 сомонӣ даромад гирифта, ба давлат ба маблағи 50369 сомонӣ аз ҳисоби соҳибкории ғайриконуниааш зарари моддӣ расонидааст. Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки М. Раҳмонов тибқи моддаи 259, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста мешавад. Нисбати ӯ аз тарафи шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Январь 13, 2009 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст