СОХТМОНИ ХОНА-ИНТЕРНАТИ «ЧОРБОҒ» ДАР СОЛИ 2009

Январь 13, 2009 13:09

                                                                        Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар соли 2009 сохтмони бинои сеюми хона-интернати кӯдакони ноқисулақли  «Чорбоғ»давом  дода мешавад,- иброз доштанд дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ба мухбири АМИТ «Ховар». Боиси ёдоварист, ки дар соли 2008 бинои дуюми хона-интернати кӯдакони  ноқисулақли «Чорбоғ» барои 100 нафар кӯдакони маъюб тавассути инвеститсияи хориҷӣ сохта ба истифода дода шуд. Айни замон дар хона-интернати «Чорбоғ» 179 нафар кӯдакони маъюб парасторӣ мешаванд. Соли 2009 корҳои сохтмонӣ дар бинои сеюми хона-интернати «Чорбоғ», хона-интернати пиронсолон ва маъюбони «Батош»-и шаҳри Турсунзода, хона-интернати беморони касалиҳои рӯҳӣ дар ноҳияи Бохтар давом дода мешаванд ва ба ин мақсад маблағи муайян ҷудо карда шудааст.           

Январь 13, 2009 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид