СОХТМОНИ КАНАЛИ СЕБИСТОН ДАВОМ ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли 2009 дар ноҳияи Тоҷикобод даври дуюми сохтмони канали Себистон оғоз меёбад. Ба истифода додани канали мазкур имкон медиҳад, ки дар ноҳия боз 250 гектар замини нав азхуд карда шавад. Картошкапарварони ноҳия таҷрибаи аз ҳар гектар ба даст овардани 270-300 сентнерӣ картошкаро доранд. Ба гуфти мардуми таҳҷоӣ, аз навъи картошкаи «Кардинал» аз заминҳои ин ноҳия то 500-550 сентнерӣ ҳосил гирифтан мумкин аст. Дар сурати ба истифода додани 250 гектар замини навкорам истеҳсоли картошка дар ноҳия ба 2,5-3 ҳазор тонна расонида мешавад. Дар баробари ба истифода додани замин,ҷойҳои нави корӣ пайдо гардида, садҳо нафар сокинони ноҳия ба корҳои истеҳсолӣ ҷалб хоҳанд шуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






