СОХТМОНИ ТЕРМИНАЛИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МАЙДОНИ ҲАВОИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ОҒОЗ МЕЁБАД

Январь 13, 2009 08:45

         Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).-Дар Корхонаи воҳиди давлатии  «Тоҷик Эйр» бахшида ба натиҷаҳои  фаъолияти корхона дар соли 2008  ҷамъомади серодам баргузор гардид. Муовини директори генералии корхона Сангинмурод Нуруллоев ба ҳозирон дар бораи  натиҷаҳои фаъолияти ҳамаи раёсату шӯъбаҳои он маълумот дод. Қайд карда шуд, ки  корхона бо вуҷуди рақобати шадиди ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ тавонист, ки  натиҷаҳои фаъолияташро бештар гардонад.         Дар натиҷа  ҳаҷми  ҳамлу  нақли почта ва молҳои дигар ба воситаи нақлиёти ҳавоӣ нисбат ба соли 2007 — ум  13,7 фоиз афзуд. Соли гузашта 2,4 ҳазор тонна молҳои гуногун интиқол дода  шуданд. Дар ин давра ҳавопаймоҳои Тоҷикистон мувофиқи  қарордоду шартномаҳо ба мамлакатҳои дигар парвоз карданд. Корхона соли 2008 барномаи фиристодани сокинони ҷумҳуриро ба зиёрати ҷойҳои муқаддаси ислом бомуваффақият иҷро намуд. Барои ин  бо ширкатҳои ҳавоии  Аморатҳои Муттаҳидаи Араб шартнома имзо карда, аз ҳавопаймоҳои «Боинг 757- 200», «МД -82 » ва «МД-83» истифода карда шуданд. Соли 2008 корҳои марбут ба беҳтар сохтани сифат ва ҳаҷми кори ҳавопаймоҳо ва истифодаи ҳавопаймоҳои сохти хориҷӣ давом дода шуд.             Бо ин мақсад ба  такмили маҳорати мутахассисони ҷавони  маҳаллӣ, сарнишинон ва  пешхизматҳо диққати калон дода мешавад. Айни замон барои иваз кардани ҳавопаймоҳои кӯҳна бо ҳавопаймоҳои  нави сохти  Чин  тадбирҳо андешида мешаванд. Ҳукумати Чин бо ин мақсад барномаи ҷудо кардани қарзи имтиёзнокро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Тоҷикистон дар заминаи барномаи мазкур аз Чин ҳавопаймоҳои муҷаҳҳаз ва  барҳавои МА-60- ро  дастрас менамояд. Соли 2008 бо назардошти  зиёд гардидани теъдоди мусофирон корҳои тайёрӣ ба сохтмони терминали нави байналхалқии  фурудгоҳи Душанбе анҷом дода шуданд. Дар терминали мазкур дар як соат якбора ба 500 мусофир хизмат расонида мешавад, қайд карда шуд дар ҷамъомад.

Январь 13, 2009 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст