СОЛҲОИ ОЯНДА БЕМОРИИ САРАТОН САБАБИ АСОСИИ ВАФОТИ ОДАМОН ХОҲАД ГАШТ
Вашингтон, 8 январ. (АМИТ «Ховар» — Интерфакс).- Ба ақидаи коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, то соли 2010 бемории саратон дар миқёси ҷаҳон паҳн гардида, сабаби асосии вафоти одамон хоҳад гашт. Ба ақидаи онҳо то соли 2030 миқдори вафоти одамон дар натиҷаи ин беморӣ ду баробар меафзояд. Мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чунин мешуморанд, ки танҳо соли равон 12 миллион шахси гирифтори бемории саратон ба қайд гирифта мешавад ва тақрибан 7 миллион нафар бар асари ин беморӣ вафот мекунад. То соли 2030 шумораи беморони саратон ба 27 миллион нафар расида, 17 миллион нафар бар асари он вафот хоҳад кард. Дараҷаи афзоиши паҳншавии бемории саратон ва вафоти одамон бар асари он дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳар сол як фоизро ташкил медиҳад. Бемории мазкур дар Русия ва Ҳиндустон низ торафт бештар паҳн мегардад. Сабаби асосии паҳн шудани бемории саратон афзоиши истеъмоли тамоку дар байни аҳолии кишварҳои рӯ ба инкишоф, хусусан дар Чин ва Ҳиндустон мебошад. Зикр карда мешавад, ки 40 фоизи одамони тамокукаши ҷаҳон дар ҳар дуи ҳамин мамлакатҳо зиндагӣ мекунанд. Ба қавли роҳбари Ҷамъияти клиникии саратоншиносии ИМА, доктор Дуглас Блейни бемории саратон дар шароити ҳозира проблемаи асосии соҳаи тандурустии мамлакатҳои рӯ ба инкишоф мебошад. Вай зикр кард, ки дар мамлакатҳои қашшоқ одамон нисбат ба бемориҳои ВИЧ/СПИД, табларза ва сил аз бемории саратон бештар вафот мекунанд. Шумораи истеъмолкунандагони тамоку дар ҷаҳон чи қадар бештар гардад, хавфи ба бемории саратон гирифтор шудани одамон ҳамон қадар зиёдтар хоҳад гашт, гуфт доктор Блейни.








Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






