СОЛИ 2009: 150 ҲАЗОР ҶОИ НАВИ КОРӢ

Январь 17, 2009 10:19

Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров зимни ҳисоботаш дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумат зикр кард, ки дар соли 2008 барои бо шуғли доимӣ таъмин кардани аҳолии қобили меҳнат 114 ҳазор ҷои нави корӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ муҳайё карда шуд. Дар соли равон бошад, тибқи иттилои ӯ зиёда аз 150 ҳазор ҷои нави корӣ ташкил карда мешавад. Инчунин, дар ҳисоботи роҳбари Дирексияи  сохтмони  иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдусалом Қурбонов дар ин маҷлис қайд гардид, ки шумораи  сохтмончиёне, ки  барои кор дар иншооти он зарур мешаванд, дар соли 2009 ба 7435 нафар мерасад, ки нисбат ба соли 2008-ум 4161 нафар зиёд аст.

Январь 17, 2009 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад