СОЛИ 2009 РАЁСАТИ МАҚОМОТИ АСОСИИ ИДМ БА ЗИММАИ МОЛДАВИЯ ГУЗОШТА МЕШАВАД

Январь 7, 2009 11:24

             Душанбе,  7  январ. (АМИТ «Ховар»,  Фарангис  Раҳимова). – Соли  2009  дар  фаъолияти  Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил  бо тартиботи  нави  ташкилӣ  шурӯъ  шуд.  Бори  аввал  дар  таърихи  ИДМ  раёсати  Шӯрои  сарони  давлатҳо,  Шӯрои  сарони  ҳукуматҳо,  Шӯрои  вазирони  корҳои  хориҷӣ,  Шӯрои  иқтисодӣ, Шӯрои   намояндагони  доимӣ  ва   комиссияи  масъалаҳои  иқтисодӣ   дар  давоми  сол   ба  зиммаи  як  давлат – Ҷумҳурии  Молдавия  гузошта  мешавад. Аз  дафтари  матбуоти  Кумитаи  иҷроияи  ИДМ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки   тартиботи  нав дар  Низомномаи  масъалаҳои  раёсат  дар Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил  пешбинӣ  карда  шудааст. Низомномаи  мазкур  10  октябри соли  2008   зимни  мулоқоти  сарони  давлатҳои  ИДМ  дар  Бишкек  қабул  шуда буд. Ин  ҳуҷҷат  ба  вусъати  фаъолият  ва  ташаккули   идораи  ИДМ,   бештар  сохтани  самараи  фаъолияти он ва таъмини  идомаи  анъанаҳои   нек  мусоидат  менамояд. Мувофиқи  низомнома,  раиси  мақомоти  асосии Иттиҳод  фаъолияти  онҳоро   ба  роҳ  монда,  масъалаҳои  муҳимтаринро  ба  муҳокимаи  маҷлисҳои  Шӯрои  сарони  давлатҳо пешниҳод  карда,  фаъолияти   мақомоти  асосиро   ҳамоҳанг  месозад. Дар  мавриди   зарурат   бо  давлатҳои  аъзо  масъалаҳои   муҳимтарини  фаъолияти  Иттиҳод   муҳокима  карда  мешаванд. Ҷумҳурии  Молдавия  ба  раёсати  мақомоти  асосии  ИДМ   ҳамаҷониба  тайёрӣ  мебинад.  Дар  ин  ҷо  таҳти  раёсати  президент  Владимир  Воронин  комиссияи  миллӣ  ташкил  карда,   барномаи  махсуси  раёсат  дар  мақомоти  асосии  ИДМ  таҳия  карда  шуд. Соли  2009  дар  ИДМ  силсилаи  масъалаҳои  муҳимтарин  ҳал  карда  мешаванд. Дар  соҳаи  иқтисодиёт  масъалаи  муҳимтарин   масъалаи   ҳамкорӣ  дар   соҳаи  энергетика  мебошад. Инчунин  ба таҳияи  лоиҳаи   нақшаи  амалӣ  сохтани  даври  аввали   барномаи  стратегии  рушди  иқтисодии  ИДМ  то соли  2020  диққати  махсус  дода хоҳад  шуд.  Ғайр  аз ин   дар  масъалаҳои  ҳамкорӣ дар  соҳаҳои  гуманитарӣ,  таъмини  амният   ва  такмили  роҳу  усулҳои  беҳтар  сохтани  фаъолияти  Иттиҳод  ҳуҷҷатҳо  баррасӣ  карда  мешаванд.  

Январь 7, 2009 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад