СОЗИШНОМА ДАР БАХШИ ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБА

Январь 27, 2009 14:00

              Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мисри Араб баргузор гардид. Дар он кори он Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғуломҷон Бобозода ва Вазири ҳамкориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Мисри Араб Фоиза Абунаҷа баромад карданд.               Таъкид гардид, ки соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Миср сафар намуд, ки дар натиҷа барои густариши ҳамкориҳо заминаи мусоид фароҳам омад ва ҷаласаи имрӯза иқдомест барои татбиқи натиҷаҳои он сафар. Аъзои комиссияи мазкур дар давоми се рӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар бахшҳои мухталиф самтҳои ҳамкориро баррасӣ ва ҳуҷатҳои заруриро таҳия намуданд.               Ҳамзамон дурнамои самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷонибаро бахусус дар бахши савдо, сармоягузорӣ, тандурустӣ, дорусозӣ, коммуникатсия, гидроэнергетика, кишоварзӣ, туризм, истихроҷи нафту газ ва захираҳои дигари маъданиро баррасӣ карданд.                Вазири ҳамкориҳои байналхалқии Миср Фоиза Абӯнаҷа қайд намуд, ки комиссияи муштарак як воситаи хеле муҳими татбиқи нақшаҳои бамиёнгузошташуда мебошад. Вай соҳаҳои афзалиятноки ҳамкориро шарҳ дода, омода буданини коршиносони кишварашро дар такмили фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодиии Тоҷикистон зикр кард. Мавсуф ба роҳ мондани ҳамкориҳоро дар бахши дорусозӣ махсус таъкид кард.              Ф. Абӯнаҷа қайд кард, ки дар соли оянда сафари вазири тандурустии Миср ба Тоҷикистон дар назар аст. Агар ҷонибҳо саъю талош кунанд дар Тоҷикистон корхонаи муштараки дорусозӣ сохта мешавад.              Дар анҷоми ҷаласа Протокол дар бахши ҳамкориҳои воситаи ахбори омма ва санади ҳусни тафоҳум оид ба варзиш имзо гардид. Ҳамраисони комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Миср Ғуломҷон Бобозода ва Фаиза Абӯнаҷа Протоколи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникиро имзо намуданд.             Дар назар аст, ки ҷаласаи дуюми комиссия соли оянда дар шаҳри Қоҳира баргузор хоҳад гашт.   

Январь 27, 2009 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд