СОЗМОНҲОИ ҒАЙРИҲУКУМАТӢ БА ЧИ ГУНА КОРҲО ҚОДИРАНД?

Январь 12, 2009 12:11

            Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Илҳом  Нарзиев).- Созмонҳои ғайриҳукуматии ҷумҳурӣ натиҷаҳои фаъолияти худро дар соли 2008 ҷамъбаст намуданд. Маълум шуд, ки дар фаъолияти онҳо бисёр корҳо бори аввал ба сомон расонда шудаанд.           Соли гузашта дар шаҳри Душанбе мулоқоти кории намояндагони  созмонҳои ғайриҳукуматӣ баргузор гардид, ки  барои амалӣ сохтани барномаи «Ҷомеаи  шаҳрвандӣ»  — и  Хазинаи Оғохон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар он роҳбарони созмонҳои ғайриҳукуматии мамлакат ширкат варзида, проблемаҳои мавҷударо муҳокима  ва роҳҳои ҳалли онҳоро муайян карданд. Роҳбари намояндагии Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон Ёдгор Файзов зикр кард, ки  ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҷумҳурии мо зуҳуроти нав мебошад. Ба қавли ӯ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ соли 2008 ташаббусҳо ва  пешниҳодҳои   муфидро ба миён гузоштанд ва барои амалӣ сохтани онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.         Моҳи маи соли гузашта анҷумани нахустини созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар он аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ 40 нафар намоянда ширкат варзид. Дар анҷуман барномаи миллии  рушди фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ то соли 2015 ва  Кодекси  принсипҳои асосии фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ қабул карда шуданд. Дар анҷуман қарор дода шуд, ки  Иттиҳоди миллии  созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Айни ҳол ҳамаи ҳуҷҷатҳои  иттиҳоди мазкур ба вазорати адлия пешниҳод карда шудааст.         Академияи коммуникатсияи оммавии мамлакат айни ҳол ба  бунёди маркази маълумот дар бораи созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон машғул аст. Дар ин ҷо то имрӯз дар бораи созмонҳои ҷамъиятӣ ва ғайриҳукуматии  ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳри Душанбе ва ВМКБ  маълумоти зарурӣ ҷамъ оварда шудааст. Кормандони марказ ҷамъоварии маълумотро дар бораи созмонҳои ғайриҳукуматии вилоятҳои Суғду Хатлон давом медиҳанд.          Соли гузашта дар Тоҷикистон барномаи маърифати шаҳрвандӣ таҳия карда шуд. Корманди  масъули бахши маорифи Хазинаи Оғохон Зулобӣ Мамадфозилов зикр кард, ки  дар асоси барномаи мазкур дар бисёр мактабҳои мамлакат шӯроҳои  падару модарон ташкил карда шудаанд. Ин шӯроҳо ба маъмурияти мактаб барои  ҳалли проблемаҳои мавҷуда кӯмак мерасонанд. Дар баъзе ҷамоатҳо иттиҳодияҳои кумитаҳои  падару модарон ташкил карда шудаанд.         Соли гузашта бо ташаббуси  созмони ҷамъиятии  «Эҳё- фарҳанг ва тараққиёт» маъракаи додани сертификат ба созмонҳои ғайриҳукуматӣ шурӯъ шуд. То имрӯз 31 созмони ғайриҳукуматӣ соҳиби сертификат гардид. Ба қавли  директори созмони мазкур Марина Сафарова додани сертификат ба созмонҳои ғайриҳукуматӣ барои муайян кардани проблемаҳо ва  ёфтани роҳу усулҳои ҳалли онҳо кӯмаки калон мерасонад. Санҷиши фаъолияти созмонҳои ғайрҳукуматӣ ва додани сертификат ба онҳо соли 2009 низ давом дода мешавад.         Соли гузашта дар бораи фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ филми мустанад ба навор гирифта шуд, ки дар бораи дастовардҳо ва камбудиҳои фаъолияти онҳо  нақл мекунад.

Январь 12, 2009 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд