СУДИ ОЛӢ ФАЪОЛИЯТАШРО ПУРЗӮР МЕНАМОЯД

Январь 22, 2009 10:54

                   Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар довоми соли 2008 ба ҳайси зинаи якум 64 парвандаи ҷиноятиро нисбати 96 нафар мавриди баррасӣ қарор дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2007-ум 1 парванда кам буда, мутаносибан 1,5 фоизро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии парвандаҳои ҷиноии мавриди баррасӣ қароргирифта, 58 парванда нисбат ба 88 нафар бо баровардани ҳукми айбдоркунӣ ба итмом расонида, 4 парванда нисбат ба 6 нафар ба тафтишоти иловагӣ баргардонида шуд. Нисбати ду парвандаи боқимонда қарорҳои дигари судӣ қабул гардиданд.                   Раиси Суди Олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» паҳлӯҳои ин парвандаҳоро шарҳ дода, зикр кард, ки камшавии миқдори парвандаҳои баррасигардидаи мушаххас оид ба ҷиноятҳои махсусан вазнини одамкушӣ 30 фоиз ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 40 фоиз ба назар мерасад. Шумораи парвандаҳои ҷиноии баррасигардида вобаста ба додан ва гирифтани пора бошад, нисбат ба соли 2007 аз як то ба се адад зиёд шудааст.                   Ҳамчунин аз 88 нафари маҳкумшуда дар ҳаққи 84 нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, аз ҷумла нисбат ба 2 нафарашон якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ва нисбат ба ду нафар маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, дар ҳаққи ду шахси боқимонда ҷазо дар намуди ҷарима таъин карда шудааст.                   Ба ҷуз аз ин, дар давоми соли 2008-ум 11 адад парвандаи гражданӣ дар зинаи якум баррасӣ гардиданд, ки бо нишондиҳандаҳои соли 2007 дар як сатҳ қарор дошта, 7 парванда бо баровардани ҳалнома ба итмом расида, 4 адади боқимонда бо таъинот рад карда шудаанд.                  Мавриди зикр аст, ки дар соли 2008-ум 432 парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 547 нафар ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии Суди Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз онҳо 255 қарорҳои судӣ нисбат ба 334 нафар бетағйир монда, 73 ҳукм нисбат ба 89 нафар бинобар сабаби тағйир ёфтани банду басти кирдорашон тағйир, 77 қарорҳои судӣ нисбат ба 97 нафар бинобар нодуруст татбиқ карда шудани қонуни ҷиноятӣ, ба таври ҷиддӣ вайрон намудани қонуни мурофиавии ҷиноятӣ ва таъин намудани ҷазоҳои аз ҷиҳати сабукӣ ошкоро беадолатона бекор карда шудаанд.                   Дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ бошад, ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ 318 парвандаҳои гражданӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки аз ин шумора 260 қарорҳои қабулгардидаи судҳои ҷумҳурӣ бетағйир, 106 адад бинобар сабаби вайрон кардан ва татбиқи нодурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддию мурофиавӣ бекор, боқимонда 7 қарорҳои судӣ тағйир дода шудаанд.                   Ҳамчунин, зинаи назоратӣ дар давраи ҳисоботӣ баррасии парвандаҳоро аз рӯи 29 эътирозҳои назоратӣ таъмин намуд, ки нисбат ба соли 2007 29 адад ё худ 100 фоиз кам мебошад.                  Қобили қайд аст, ки дар ин давра ду ҷаласаи Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар онҳо 4 қарорҳои тавзеҳотии дастурӣ, қабул гардиданд, ки барои татбиқи якхелаи қонунҳо ва қабули қарорҳои қонунию асоснок аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ мусоидат хоҳанд кард.                  Ҳамин тариқ, дар давраи ҳисоботӣ, дар марҳилаҳои гуногуни судии Суди Олӣ, дар маҷмӯъ 855 парвандаҳои гражданию ҷиноӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки нисбат ба ҳар кадоме аз онҳо қарорҳои дахлдори қонунӣ ва асоснок қабул гардиданд.                  Н. Абдуллоев мӯътақид бар он аст, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Суди Олиро иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» ташкил медиҳад. Суди Олӣ барои сари вақт ва бо сифати баланд ҳаллу фасл намудани арзу шикоятҳои шаҳрвандон тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст.               Чунончӣ, дар соли 2008 ба истеҳсолоти Судӣ Олӣ 2507 адад арзу шикоятҳои шаҳрвандон ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2007 (3085) 578 адад ё худ 19 фоиз кам мебошад. Аз ин миқдор 814 арзу шикоятҳо марбут ба парвандаҳои ҷиноӣ буда, боқимонда 1693 адади он марбут ба парвандаҳои гражданианд. Аз шумораи умумии шикоятҳо 2434-то ё худ, 97 фоизи он тибқи муқаррароти меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ҳаллу фасл гардида, 73 шикоятҳо дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд.                 Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки дар натиҷаи омӯзиши парвандаҳои судӣ аз рӯи арзу шикоят, муроҷиати шаҳрвандон ва пешниҳоди судяҳо дар соли гузашта 127 эътирозҳои назоратӣ вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ таҳия карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007-ум 129 адад камтар мебошад, ки ин аз беҳтар гардидани сифати қарорҳои қабулнамудаи судии судҳои поёнӣ дарак медиҳад.

Январь 22, 2009 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид