СУПОРИШҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ ИҶРО МЕШАВАНД?
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 16 январи соли равон зимни суханронии хеш дар ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, инчунин Бонки миллӣ супориш дод, ки якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор доир ба афзоиш додани захираҳои дохилии молиявӣ ва таъсис додани фонди устуворсозии рушди иқтисодиёт тадбирҳои зарурӣ андешида, иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳоро оид ба боздошти болоравии сатҳи таваррум таъмин намоянд. Инчунин, зикр кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи сиёсати пулиро дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати андозу буҷет таъмин намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоиди ҷалби амонатҳо, ки захираи муҳими сармоягузории дохилӣ мебошанд, содда намудани тартиби ҳуҷҷатгузорӣ дар мавриди пешниҳоди қарзҳо диққати махсус диҳад. Аз таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисодӣ бармеояд, ки ба афзоиши бештари маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баъзе монеаҳо, хусусан 4 фоиз кам шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва 16 фоиз кам шудани ҳаҷми солонаи истеҳсоли пахта, инчунин сатҳи пасти истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ таъсири манфӣ расониданд.Бо вуҷуди афзоиш ёфтани гардиши савдои хориҷӣ масъалаҳои кам будани ҳаҷми содироти молу маҳсулот, касри манфии миёни содироту воридот, ки аз ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ қариб 40 фоизро ташкил карда, ба тавозуни пардохти кишвар таъсир мерасонад, боиси нигаронӣ мебошанд. Аз ин рӯ, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва саноат, кишоварзӣ ва Бонки миллӣ зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади ба эътидол овардани тавозуни гардиши савдои хориҷӣ ҷиҳати таъмин кардани рушди босуръати ташкилоту корхонаҳои содиркунандаи молу маҳсулот ва диверсификатсияи содирот чораҳои зарури андешанд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






