СУПОРИШҲОИ САРВАЗИР БА РОҲБАРИЯТИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Январь 12, 2009 17:06

         Душанбе, 12 январ. ( АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Имрӯз дар маҷлиси фаъолони вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2008 ҷамъбаст карда шуд. Дар он Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ширкат варзид.  Номбурда  зикр намуд, ки соли 2008 дар вилояти Суғд ба маблағи 2 миллиарду 355 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли 2007- ум 9,1 фоиз зиёд мебошад. Сарвазир ба роҳбарони вилоят супориш дод, ки  аз роҳу усулҳои пешқадам ва  самарабахш  истифода бурда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзиро афзунтар сохта, барои соҳаҳои кишоварзию саноатӣ аз хориҷи кишвар бештар  навъҳои гуногуни техника ворид созанд.

Январь 12, 2009 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид