СУПОРИШИ БУНЁДИ ГАРМХОНАҲО ИҶРО НАГАРДИД

Январь 31, 2009 10:11

                 Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии шӯъбаи меваю сабзавот ва картошкапарварию хӯроки чорвои Вазорати кишоварзӣ, дар соли 2008 -2009 ба истифода додани 60,04 гектар гармхонаҳо дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ пешбинӣ шуда аст.                То 26-уми январи соли 2009 дар миқёси ҷумҳурӣ дар 42,87 гектар замини гармхонаҳо кишти помидор ва бодиринг анҷом дода шудааст, ки ин баробари 71,4 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад.               Ҳоло дар майдони 19,03 гектар гарммхонаҳои ҷумҳурӣ помидор ва дар масоҳати 10,72 гектар бодиринг парвариш карда мешавад, ки аз он 17 гектар дар вилояти Суғд, 14 гектар дар вилояти Хатлон ва 11 гектар дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошад.                Албатта ин миқдор гармхонаҳо наметавонанд тамоми аҳолии ҷумҳуриро бо помидору бодиринги тару тоза таъмн намоянд, аммо дар таъмини як қисми аҳолӣ бо сабзавот метавонанд мусоидат намоянд.

Январь 31, 2009 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид