ТҶММ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶТ МУТАХАССИС ТАЙЁР МЕКУНАНД
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- «Бошгоҳи ҳавопаймоии ҷумҳуриявии ТҶММ-и Чумҳурии Точикистон ба номи С. Шарифов барои рушди авиатсияи хурд бо тайёраҳои АН-2 ва тайёраҳои варзишии ЯК-52 барои Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мутахассисонро омода менамояд»,-гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саиданвар Камолов.С.Камолов зикр намуд, ки моҳи июни соли 2008 21 нафар ҷавонон дар бахши якум курси ҳавонавардиро хатм намуданд, ки ҳоло 4 нафарашон дар Горди миллӣ, 6 нафар дар корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», 1 нафар дар кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва 3 нафари дигар дар Бошгоҳи ҳавопаймоии ТҶММ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муваффақият фаъолияти хешро идома медиҳанд. Бахши дуюми таълим бошад, давом дорад. «Фурӯдгоҳҳои ноҳияҳои Шаҳритус ва Фархор, ки аз давраи Ҳукумати Шӯравӣ дар ҳолати валангор қарор доштанд, акнун онҳо аз нав эҳё ва барои истифода омода шуданд. Айни ҳол дар фурӯдгоҳҳои Ҳамадонию Қумсангир корҳои сохтмонӣ идома доранд Соли оянда ин фурӯдгоҳҳо низ ба хизмати мардум омода хоханд шуд. Он рӯз дур нест, ки ин фурӯдгоҳҳо барои рушду нумӯи авиатсияи хурд ва баҳри хоҷагии халқи ҷумҳурӣ хизмати шоистае хоҳанд кард»,- зикр намуд С. Камолов. Дар соли 2008 барои таъмиру тармим намудани сохтмонҳо, иншоотҳо ва биноҳои кумитаҳои вилоятӣ, минтакавӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва фурӯдгоҳҳо аз ҳисоби маблағҳои худкифоӣ 1 миллиону 110 ҳазору 377 сомонӣ харҷ шудааст. Дар соли сипаригардида 460 нафар варзишгарон бо парашют аз тайёраҳо ҷаҳиданд, ки аз он 22 нафарашон донишҷуёни Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Парашютчиён-варзишгарони Бошгоҳи ҳавопаймоии ҷумҳуриявии ТҶММ дар иҷрои машқҳои ҷаҳишҳои намунавӣ маҳорати хуб нишон дода, 321 маротиба бо парашют аз ҳавопаймо ҷаҳиданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






