ТҶММ МАҲСУЛОТҲОИ ХУДРО БА ҚИМАТИ 50 ФИСАД АРЗОН МЕФУРӮШАД
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Раёсати агросаноатии Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии кормандони худ диққати ҷидди медиҳад. Ҳамин аст, ки дар тавозуни идораи хоҷагии ёрирасон 200 сар моли майда ва 12 сар чорвои калони шохдор мавҷуд аст, зикр намуд зимни нишасти матбуоти раиси кумитаи мазкур Саиданвар Камолов. С. Камолов зикр намуд, ки соли 2008 Раёсати агросаноатии созмон як қатор маҳсулотҳо: аз қабили, гандум — 7200 кг, орди гандум — 1100 кг, ҷав — 1500 кг, нахӯд — 60 кг, пиёз — 800 кг, картошка 22300 кг, гӯшт — 1300 кг, зағер — 450 кг ва 110 кг равғани зағер истеҳсол намуд. Маҳсулотҳои мазкур 50 фисад аз нархи бозор арзонтар ба кормандон фурӯхта, зиёда аз 1 тонна меваҷот ва сабзавот ба тариқи ройгон ба кормандони кумита тақсим карда дода шуд. Инчунин КМ ТҶММ-и ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки барои тараққӣ додани соҳаи чорводорӣ ва васеъ намудани заминҳои корам тадбирҳои муҳим меандешад. Барои дастгирии кормандони эҳтиёҷманди соҳа зиёда аз 7780 сомонӣ кӯмакпулӣ ва ёрии моддӣ расонида шудааст. КМ ТҶММ ҷумҳурӣ ва зерсохторҳои он баҳри беҳдошти зиндагии собиқадорони меҳнат ба онҳо 5 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ расонидааст. Барои ятимону бепарасторон, пирони барҷомондаву бенавоён 30 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои худкифоӣ ёрии башардӯстона расонида шудааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






