Т.ИДРИСОВ : «АҲОЛӢ БА ПЕШГИРИИ ФАЛОКАТҲОИ ТАБИӢ ТАЙЁР КАРДА НАШУДААСТ»
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Дар изҳороти роҳбари созмони экологии «Замини хурд» Темур Идрисов гуфта мешавад: «Шоми 10 январ сокинони шаҳри Душанбе ва бисёр минтақаҳои дигари мамлакат ба овозаҳо дар бораи имконияти рух додани зилзилаи сахт бовар карда, шабро дар беруни хонаҳояшон рӯз карданд. Ин шаҳодат медиҳад, ки аҳолии мамлакат дар бораи зилзила барин фалокатҳои табиӣ маълумот надорад ва ба тадбирҳои пешгирию бартараф сохтани оқибати чунин фалокатҳо умуман тайёр нест». Ба қавли ӯ, чунин воқеаҳо нишон медиҳанд, ки барои омода сохтани аҳолӣ ба фалокатҳои табиӣ тадбирҳои таъҷилӣ андешидан зарур аст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






