ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР БАЪЗЕ ВАЗОРАТУ ИДОРАҲОИ ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар»). — Мувофиқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Рауф Юсуфов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ озод гардид. Ҳидоятулло Иноятов муовини аввали вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ва Рустам Ҷабборов муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъин шуданд Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Шариф Исоев муовини раиси Ҷамъияти саҳҳомии холдингии «Барқи тоҷик», Аҳмад Идиев муовини раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» ва Абдураҳим Раҳимов роҳбари намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар масъалаҳои муҳоҷират таъин гардиданд. Дар бораи аз кор озод шудан ва ба вазифа таъин гардидани шахсони мазкур дар маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор қабул карда шуд, ки айни ҳол дар шаҳри Душанбе давом дорад. Тарҷумон — Қудратов А.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






