ТАҶДИДИ САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ БОНК

Январь 9, 2009 11:35

            Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).-  Ҷамъияти саҳомии  «Тоҷиксодиротбонк», ки  дар байни  бонкҳои мамлакат мақоми муҳим дорад, аз 1 январи соли равон сар карда, ба таҷдиди номи идорӣ, самтҳои  асосии  фаъолият, тамғаи молӣ, усулҳои хизматрасонӣ ва кор бо мизоҷону шариконаш шурӯъ намуд. Мудири шӯъбаи маркетинги бонк Мақбулшо Имматшоев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки  самтҳои асосии фаъолияти бонк ва  тамғаи молию хизматҳои он дар давоми 16 соли охир бори аввал тағйир дода мешаванд. Ин чунин маъно дорад, ки  дар фаъолияти бонк барои беҳтар сохтани усулҳои хизматрасонӣ ба мизоҷон ва  ҳамкорӣ бо  муассисаҳои дигари молиявӣ тағйироти куллӣ ба амал омадааст. Ба қавли мутахассис, ин тадбирҳо ба  афзунтар сохтани шӯҳрати бонк дар байни аҳолӣ ва  ҷалби мизоҷони нав мусоидат мекунад. 

Январь 9, 2009 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид