ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ КОРМАНДОНИ ГУМРУК
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — 26 январ дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналхалқии кормандони гумрук таҷлил карда шуд. Моҳи ноябри соли 1952 Созишномаи ташкили Шӯрои ҳамкории гумрукӣ эътибор пайдо намуд. 26 январи соли 1953 дар Брюссел маҷлиси нахустини Шӯрои хамкории гумрукӣ баргузор гардид, ки баъдан ба Созмони ҷаҳонии гумрук табдил ёфт. Айни ҳол созмони мазкур 162 мамлакатро муттаҳид месозад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳоло дар мамлакатҳои ҷаҳон бештар аз 800 ҳазор коргари гумрук фаъолият дорад. 22 январ ба таъсиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 сол пур шуд. Тарҷумон — Қудратов А.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






