ТАДБИРҲОИ ТАЪҶИЛИИ ПЕШГИРИИ ПАҲН ГАРДИДАНИ БЕМОРИИ МАРГОВАР
Пекин, 9 январ. (АМИТ «Ховар» — РБК).- Мақомоти Ҷумҳурии Мардумии Чин дар пойтахти мамлакат — шаҳри Пекин баъди вафоти як нафар зан бар асари бемории зукоми мурғон тадбирҳои таъҷилӣ меандешанд. Ҳадафи ин тадбирҳо пешгирии паҳн гардидани ин бемории марговар мебошад.Хабар дода мешавад, ки сокини 19- солаи шаҳри Пекин Хуан Янсин 5 январ дар шифохона вафот кард. Натиҷаҳои ташхис нишон доданд, ки ӯ аз микроби бемории хатарноки зукоми мурғон фавтидааст.Айни ҳол муассисаҳои тиббии шаҳри Пекин шабу рӯз кор мекунанд. Духтурон тамоми сокинони пойтахтро бо мақсади ошкор сохтани нишонаҳои бемории зукоми мурғон муоина менамоянд. Дар маҳалҳои гуногуни шаҳр бунгоҳҳои махсуси тиббӣ кушода шудаанд, ки хоҳ шаб ва хоҳ рӯз беморони таби баланддоштаро қабул карда, хуни онҳоро ташхис мекунанд.Ворид сохтани тамоми навъу намуди мурғон ба Пекин манъ карда шуд. Мутахассисон тамоми бозорҳо ва муассисаҳои савдоро тафтиш мекунанд. Дар ҷараёни тафтиш маълум карда шуд, ки зани вафоткарда як рӯз пеш аз бозор чанд мурғобӣ харида, аз онҳо хӯрок тайёр кардааст. Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, баъди соли 2003 дар саросари ҷаҳон аз бемории зукоми мурғон 248 нафар вафот кардааст, ки 21 нафари онҳо аз Чин мебошанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






