ТАДБИРИ МУҲИМ БАРОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ САРАТОН
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Мувофиқи фармони вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов аз 23 декабри соли гузашта сар карда, дар Душанбе маъракаи гузаронидани дору ба организми духтарони донишҷӯи курсҳои сеюм ва чоруми Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи технологии ба номи М.Осимӣ ва Коллеҷи тиббии ҷумҳурӣ бо мақсади пешгирии бемории саратони гарданаи раҳим доир мегардад. Дар давоми маърака ба организми бештар аз 6 ҳазор духтар дору гузаронида хоҳад шуд. Бо мақсади пешгирии саратони аъзои таносули занон бо кӯмаки Муассисаи хайрияи Департаменти давлатии ИМА 19 ҳазор воя доруи гардасил харида шуд. Ҳадафи маъракаи мазкур пешгирии паҳншавии навъҳои гуногуни микроби саратони инсон мебошад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






