ТАЛАБАГОНИ ТОҶИК СИНФХОНАҲОЯШОНРО ХУДАШОН ГАРМ МЕКУНАНД
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Кормандони «Гурӯҳи ҷавонони муҳофизи муҳити зист» дар доираи барномаи истифодаи захираю имкониятҳои иловагии истифодаи гармӣ дар мактабҳои Хуҷанд, Табошар ва Чкаловск дар мавзӯи гарм кардани синфхонаҳо бо қувваи талабагон силсилаи машғулиятҳо гузаронданд. Ҳадафи асосии ин машғулиятҳо ба талабагон омӯзонидани роҳу усулҳои таъмини ҳарорати мӯътадил дар дохили синфхонаҳо мебошад. Ба талабагон усулҳои оддитарини нигоҳ доштани ҳарорат дар дохили синфхона бо роҳи маҳкам намудани сӯрохиҳои дару тирезаҳо, истифодаи чароғҳои муқаррарии барқии сарфакунандаи қувва ва ғайра омӯзонида шуданд. Баъди анҷоми машғулиятҳо дар бисёр мактабҳо барои равшан намудани синфхонаҳо чароғҳои сарфакунандаи қувваи барқ насб карда шуданд. Тавре ки маълум аст, чунин чароғҳои барқӣ масрафи қувваи барқро то 70 — 80 фоиз кам мекунанд. Рӯзҳои наздик чунин машғулиятҳо дар мактабҳои ноҳияи Қубодиён гузаронида мешаванд. Роҳбари созмони «Замини хурд» Темур Идрисов ба мухбири АМИТ «Ховар» нақл кард, ки дар ҷараёни машғулиятҳо ба талабагон асбобу анҷом ва предметҳое нишон дода шуданд, ки барои гарм кардани синфхонаҳо истифода бурда мешаванд. Чунин машғулиятҳо дар давоми соли равон дар мактабҳои пойтахт низ гузаронида хоҳанд шуд, гуфт Т.Идрисов. Тарҷумон — Қудратов А.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






