ТАЪМИНИ АҲОЛИИ НОҲИЯҲОИ ТАҶРИБАВӢ БО КЎМАКИ ТИББИЮ САНИТАРӢ Д

Январь 27, 2009 14:55

                    Душанбе, 27 январ. (АМИТ "Ховар", Ибодат Давлатова). — Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кўмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2008-2009 мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ таҳия гардида, баҳри ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст, — қайд намуд зимни нишасти матбуотӣ вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов.                    Ӯ қайд намуд, ки ҳамаи дастуру низомномаҳо ва ҳуҷҷатҳои лозимӣ оиди татбиқи Барнома ба 8 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ дастрас гардонида шуда, роҳбарону мутахассисони онҳо омўзонида шуданд.                    Гурўҳӣ махсуси оид ба гузаронидани мониторинги рафти амалисозии Барнома дар шаҳру ноҳияҳои Данғара, Рашт, Спитамен, Турсунзода ва мониторинги рафти омодагиҳо барои аз аввали соли 2009 ворид намудани Барнома дар шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Сарбанд, Норак ва Шаҳринав таъсис дода шудааст.                   Бо мақсади инкишофи минбаъдаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, истифодаи самараноки маблағҳои барои хизматрасонии беморхонавӣ ҷудо гардида, Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006-2010 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006, таҳти № 407 қабул гардидааст.                  Қобили қайд аст, ки таҷдиди сохтори тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти таҷдиди муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва сохтори госпиталӣ қаблан, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002, таҳти № 525 «Дар бораи тасдиқ намудани сохтори ташкилии муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ» оғоз гардида буд.                   Дар доираи амалисозии қарори мазкур муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз сохтори беморхонаҳо ҷудо гардида, ҳам муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва ҳам сохторҳои госпиталӣ мустақилият ба даст оварданд.          

Январь 27, 2009 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа