ТАЪМИНОТИ ҚУВВАИ БАРҚ ДАР ДУШАНБЕ МАҲДУД КАРДА МЕШАВАД

Январь 27, 2009 17:04

                Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Котиби матбуоти Ҷамъияти саҳҳомию холдингии «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки аз имрӯз сар карда, ба хонаҳои сокинони шаҳри Душанбе дар давоми шабонарӯз 15 соат қувваи барқ дода мешавад. Вай зикр намуд, ки сабаби маҳдуд гардидани таъминоти қувваи барқ аз ҷониби Ӯзбекистон манъ кардани транзити қувваи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон мебошад.                Нозирҷон Ёдгорӣ афзуд, ки айни ҳол ҷадвали аниқи таъминоти қувваи барқ дар пойтахт муайян карда нашудааст. Пешбинӣ карда мешавад, ки қувваи барқ дар пойтахт шабона аз соати 23 — 00 то соати 5 — 00 ва рӯзона то 3 соат қатъ карда мешавад. Қайд карда шуд, ки қувваи барқ ба маҳалҳои аҳолинишини минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ дар давоми шабонарӯз ҳамагӣ 3 — 4 соат дода хоҳад шуд                                                                                                                                                         Тарҷумон — Қудратов А.   

Январь 27, 2009 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид