ТАРКИШИ МИНА ДАР САРҲАД

Январь 3, 2009 10:39

            Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).-  27декабри соли 2008 тахминан соатҳои 15 дар ҳудуди деҳаи Айваҷи ноҳияи Шаҳритус, ки бо ҷумҳурии Афғонистон ҳамсарҳад аст, минаи зидипиёдагард таркид. Дар натиҷа марзбон Раҷаб Раҳимов  (соли таваллудаш 1986),  ҳангоми иҷрои вазифаи маҷрӯҳ шуд. Ҳоло ӯ дар беморхонаи ҳарбии қушӯнҳои сарҳадӣ табобат карда мешавад. Ба қавли духтурон, вазъи саломатии Р.Раҳимов хеле вазнин аст ва барои наҷоти ӯ аз тамоми тадбирҳои имконпазир истифода бурда мешавад.Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази Тоҷикистон оид ба Масъалаҳои минаҳо иттилоъ доданд, соли гузашта 13 нафар дар натиҷаи таркиши минаҳо ва моддаҳои дигари тарканда осеб дид, аз ҷумла 9 нафар маҷрӯҳ шуд ва 4 нафар ҳалок гардид. Дар байни онҳо 3 нафар наврас маҷрӯҳ ва 2 навраси дигар ҳалок гардид. Қайд карда шуд, ки аз соли 1992 инҷониб дар натиҷаи таркиши мина 443 нафар маҷрӯҳ ва 351 нафар ҳалок гардид. Гурӯҳҳои минакоб соли 2008 масоҳати зиёда аз 100 гектарро   аз мина тоза карданд, ки назар ба соли 2007 якуним маротиба зиёд аст. Дар натиҷа соли 2008 5371 дона мина, 407 бомбаю снаряд, моддаҳои дигари тарканда, 66 бомбаи кассетӣ ва зиёда аз 4659 дона тири силоҳи сабук ошкор ва нобуд карда шуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар натиҷаи истифодаи усулҳои нави тадқиқот ва беҳтар сохтани сифати кор соли 2008 нисбат ба соли 2007 якуним маротиба зиёдтар минаҳо безарар гардонида шуданд. 

Январь 3, 2009 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад