ТАШКИЛИ СИТОДИ ДОИМАМАЛКУНАНДА
Душанбе, 27 январ. (АМИТ "Ховар", Ибодат Давлатова). — Ба хотири пешгирии омилҳо ва сабабҳои асосии ҳодисаҳои фавти модарону навзодон Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди доимамалкунандаи «Ҳифзи саломатии модарону навзодон»-ро созмон дод. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, созмон додани чунин Ситод бо мақсади идорасозии босамари масъалаҳои ташкилу расонидани кўмаки фаврии табобатию профилактики перинатологӣ, гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ доир ба пешгирии ҳар як ҳодисаҳои фавти модарону навзодон дар муассисаҳои тандурустии мамлакат мебошад. Инчунин, ба роҳбарони муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва марказҳои миллию ҷумҳуриявӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, сардухтурони беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки оид ба ҳар як мушкилоти пешомада дар мавриди ташкил ва расонидани кўмаки тиббӣ ба занони ҳомила, таваллудкунанда ва таваллудкарда дар муассисаҳои тандурустӣ ба Ситоди зикргардида маълумоти фаврӣ пешниҳод намоянд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






