ТАЪСИРИ БӮҲРОНИ ҶАҲОНИИ МОЛИЯВӢ БА ВМКБ НИЗ РАСИД

Январь 6, 2009 16:32

        Душанбе,  6  январ. (АМИТ «Ховар»,   Жасмин  Назарова). – Дар  давоми   се  моҳи  охири  соли  2008  маблағи   ҳаволаи пул аз Федератсияи  Русия  ба  Вилояти  Мухтори  Қӯҳистони  Бадахшон  ду баробар  кам шуд. Сардори  шӯъбаи   назорати  фаъолияти  бонкҳои Бонки  миллии  ҷумҳурӣ  дар  шаҳри  Хоруғ  Зафар  Бахшиев  ба  АМИТ «Ховар»   хабар  дод, ки   айни  ҳол  24  ҳазор   сокини  вилоят  барои  мардикорӣ  ба  Федератсияи  Русия  рафтааст. Соли  2007  коргарони  муҳоҷир  аз Русия  ба  ВМКБ   бештар  аз  34  миллион  доллари  ИМА  фиристода  буданд. Ҳаҷми  маблағи  фиристодаи  онҳо   дар   давоми  11  моҳи   соли  2008 – ум  46  фоиз  кам  мебошад. Коршиносони  соҳаи  бонк  сабаби  инро оқибати  бӯҳрони  ҷаҳонии  молиявӣ  мешуморанд.         

Январь 6, 2009 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид